Оид ба муоширати бисёрфарҳангӣ, нақши забонҳо, адабиёт ва илм дар рушди ҷомеаи муосир конфронси байналмилалӣ доир шуд

Ноябрь 22, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Муоширати бисёрфарҳангӣ, нақши забонҳо, адабиёт ва илм дар рушди ҷомеаи муосир» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд.

Тавре аз ин донишгоҳ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода ва олимону донишмандони сатҳи байналмилалӣ аз Федератсияи Русия, Узбекистон ва Қазоқистон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Масрур Абдуллозода иброз намуд, ки баррасии бисёрфарҳангӣ ва забону адабиёт яке аз мавзуъҳое мебошад, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи аҳли илм қарор гирад ва беҳтарин бозёфтҳо барои насли нав пешниҳод карда шаванд. Бо ин роҳ ҷавонон бо асли худ ва забону адабиёти пурғановати хеш бештар шиносоӣ пайдо менамоянд.

Дар замони ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати иттилоотӣ масъалаи муоширати бисёрфарҳангӣ ва нақши забонҳо, адабиёт ва илм дар ҷомеаи муосир аҳамияти муҳим дорад. Забон на танҳо воситаи муошират, балки оинаи фарҳанг ва таҷассумгари тафаккури миллӣ мебошад. Омӯзиши забонҳои гуногун ва шиносоӣ бо адабиёти гуногуни миллӣ ва ҷаҳонӣ имкон медиҳад, ки одамон ба маърифати фарҳангии васеъ даст ёбанд ва ҳамзамон қобилияти ҳамкорӣ ва ҳамдардӣ байни фарҳангҳо зиёд гардад.

Таъкид шуд, ки омӯзиши илм ва адабиёт ба насли ҷавон имкон медиҳад, ки ба қадри мероси фарҳангии худ расида, ҳамзамон бо арзишҳои ҷаҳонӣ шинос шаванд. Муоширати бисёрфарҳангӣ, ки забонҳои гуногун ва манфиатҳои фарҳангиро муттаҳид мекунад, на танҳо асоси ҳамкории байналмилалӣ аст, балки барои рушду таҳкими ҷомеаи муосир, таҳкими мафкураи демократӣ ва ташаккули афкори эҷодӣ нақши калидӣ мебозад.

«Рушди ҷомеаи муосир бо омезиши забон, адабиёт ва илм сахт алоқаманд буда, ба ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ва тақвияти робитаҳои фарҳангӣ мусоидат мекунад. Ҳамкории байналмилалӣ ва шиносоӣ бо бисёрфарҳангӣ заминаи устувори пешрафти маънавӣ ва иҷтимоии ҷомеа мебошад»,-баён гардид дар конфронс.

АКС: Донишгоҳи забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

 

Ноябрь 22, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст