Оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар истифодаи технологияи иттилоотӣ ва рақамӣ конференсия доир шуд

Ноябрь 24, 2025 11:22

ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) дар мавзуи «Зеҳни сунъӣ – таҳкимбахши фарҳанги истифодаи технологияи иттилоотӣ ва рақамӣ» конференсия баргузор шуд.

Дар конференсия мавзуъҳои «Зеҳни сунъӣ- муҳаррики инқилоби рақамӣ ва инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ-яке аз воситаҳои рушди тафаккури эҷодии хонандагон», «Тақвияти фарҳанги истифодаи зеҳни сунъӣ дар байни хонандагон», «Истифодаи платформаҳо – барномаҳои зеҳни сунъӣ дар раванди таълим» ва «Таъсири зеҳни сунъӣ – омили баланд бардоштани савияи дониши хонандагон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳоло зеҳни сунъӣ ба яке аз равандҳои муҳимтарини рушди илму технология табдил ёфта, истифодаи самараноки он метавонад дар бисёр соҳаҳо, махсусан дар соҳаи маориф омӯзишро самараноктар гардонад. Бо истифодаи самараноки он омӯзгорон метавонанд рушди қобилияти зеҳнии ҳар хонандаро маълум намуда, бо ӯ бо усулҳои гуногун ва инфиродӣ кор кунанд.

АКС: Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф

Ноябрь 24, 2025 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад