ОЯНДАИ ФУТБОЛ АЗ ҲОЛО ОҒОЗ МЕЁБАД. Дар Тоҷикистон мусобиқаи васеъмиқёси кӯдакона анҷом ёфт

Ноябрь 10, 2025 13:17

ДУШАНБЕ, 10.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе даври ниҳоии блитс-мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол таҳти унвони «Оянда аз ҳоло оғоз меёбад» баргузор гардид. Бозиҳо 8 шаҳри бузургтарини ҷумҳуриро фаро гирифта, зиёда аз 1 600 футболбози наврасро ҷамъ оварданд. Ташкилкунандагони мусобиқаи калон – Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ва ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мебошанд.

Ашт, Бохтар, Ваҳдат, Душанбе, Кӯлоб, Хоруғ, Хуҷанд, Шаҳринав – чунин аст тавсифи ҷуғрофии лоиҳа, ки ба ҷашни воқеии варзиш табдил ёфт. Футболбозони даҳсола имконият пайдо намуданд, ки руҳияи даставӣ, боварӣ ба худ ва муҳаббати самимиро ба бозӣ нишон диҳанд.

Дар тамоми манотиқи Тоҷикистон дар доираи мусобиқа фестивалҳои кӯдакона баргузор шуданд, ки барномаи онҳо бозиҳои намоишӣ, эстафетаҳо ва бозиҳои дӯстонаро дар бар мегирифт. Ҳар варзишгари наврас соҳиби тӯби футбол ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ гардида, фазои идона кӯдакон, волидайн ва мураббиёнро муттаҳид намуд.

Даври ниҳоӣ дар пойтахт анҷоми рангину ҷолиби лоиҳаи васеъмиқёси ҷумҳуриявӣ гардид. Дастаи «Солор»-и Душанбе, ки тавонист дар бозии ҳалкунанда рақиби наздиктарини худро бо ҳисоби бузурги 11:00 шикаст диҳад, бешубҳа, пешсафу ғолиб эътироф гардид. Дар баробари ин мусобиқа бори дигар тасдиқ намуд, ки футболи кӯдакона дар Тоҷикистон – на танҳо варзиш, балки мактаби дӯстӣ аст. Писарбачаҳо аз дастаҳои гуногун ҳамдигарро табрик намуда, орзуҳои худро изҳор намуданд. Туҳфаҳои инфиродиро намояндагони ҳарду даста – иштирокчиёни бозии даври ниҳоӣ ба даст оварданд. Бо ба ҳадаф расонидани шаш гол Саид Бобоев («Солор») нишонзани беҳтарин эътироф гардид. Бозингари беҳтарин аз дастаи «Насл» Эсо Баҳриддинзода дониста шуд.

«Мо бо ифтихор лоиҳаҳоеро, ки ба наврасон барои нишон додани маҳорату истеъдод ва боварӣ ба худ кумак мерасонанд, дастгирӣ менамоем. Дар ин писарбачаҳо аллакай имрӯз ояндаи футболи тоҷик дида мешавад. Мусобиқа нишон дод, ки матонату ҷасорат, кори даставӣ ва талош барои амалӣ намудани орзуҳо варзишгарони наврасро ба пешсафони ҳақиқӣ табдил медиҳанд», — иброз намуд директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.

«Дар ҷараёни мусобиқа мо шумораи зиёди наврасони боистеъдодро дидем», — илова намуд директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев. Чунин мусобиқаҳо – на танҳо рӯйдодҳои варзишӣ, балки қадамҳое ба сӯйи ташаккули насли солиму фаъол мебошанд. Дар якҷоягӣ бо ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мо рушди футболи кӯдакону наврасонро дар саросари мамлакат идома медиҳем».

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

Ноябрь 10, 2025 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад