Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд
ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ бо ҷамъоварии беш 27 ҳазору 397 тонна ҳосил нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ.
Тибқи нақшаи тасдиқгардида, имсол дар ноҳия дар 10 ҳазору 160 гектар пунбадона кишт гардида, 27 ҳазору 397 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки ба 100,1 фоиз баробар аст.
Ҳаҷми пахтаи дар ноҳия истеҳсолшуда дар ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ зиёдтарин ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки меҳнаткашони ноҳия аз аввали мавсим фаъолнокӣ нишон дода, аз пешсафони маъракаи пахтачинӣ буданд. Бо меҳнати шабонарӯзии хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ва саҳми ҳашарчиён имкон даст дод, ки нақшаи истеҳсолӣ иҷро карда шавад.
Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ дониста мешавад, зеро тавассути коркарди пахта зиёда аз 300 намуд маҳсулот истеҳсол мегардад. Ин зироатро бештар барои нахаш парвариш менамоянд. Дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Нахи пахта ашёи асосии он мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ноҳияҳои Спитамен ва Ашт низ нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






