«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Парчами Тоҷикистон-рамзи сулҳу ваҳдати миллӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Дар ҷамъомад дар мавзуъҳои «Парчами миллӣ- рамзи ҳувият, ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ», «24 ноябр- Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аз таърих то имрӯз: Парчами миллӣ ҳамчун ёдгории ватандӯстӣ» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
Иброз шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои муҳими истиқлолият ва ваҳдати миллии давлат ба ҳисоб меравад. Рангҳои пурмаънои парчам- сурх, сафед ва сабз таъриху фарҳанги ғании тоҷиконро таҷассум намуда, моро ба сиёсати хирадмандона, меҳнатдӯстӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунанд. Тоҷ ва ҳафт ситора рамзи соҳибдавлатӣ, худшиносӣ ва саодати миллати тоҷик мебошанд.
Таъкид шуд, ки сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Тоҷикистон дар ҳар давра дар пойдории сулҳу субот, барқарорсозии ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ нақши калидӣ бозидааст. Пешвои миллат ба пойдории арзишҳои миллӣ, эҳёи таърих ва фарҳанг, баланд бардоштани худшиносӣ, ҳифзи рамзҳои давлатӣ ва тарбияи насли ҷавон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Ин ҳама тадбирҳо имрӯз ба муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати амн, ором, воҳид ва дар ҳоли рушд мусоидат менамояд.
Арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ на танҳо нишони эҳтироми ҳар шаҳрванд ба таъриху фарҳанги миллӣ мебошад, балки дар таҳкими пойдории давлатдорӣ ва тарбияи насли оянда низ нақши таърихӣ мегузорад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






