Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсолии обҳои шифобахши «Хаватаг»-ро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсолии обҳои шифобахши «Хаватаг»-ро, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи Осоишгоҳи Хаватаг бунёд ёфтааст, бо таъсиси 20 ҷойи кории нав ба истифода доданд.
Иншооти мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ Мухтор Юнусов бунёд ёфтааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона имконият дорад дар марҳилаи аввал дар як рӯз 20 000 литр оби шифобахш истеҳсол намояд.
Технологияи корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда шудааст ва маҳсулот дар ин ҷо дар асоси стандартҳои муосири байналмилалӣ ва аврупоӣ истеҳсол мешавад. Оби шифобахш дар зарфҳои пластикии 0,5, 1 ва 1,5 литра истеҳсол ва ба фурӯш пешниҳод карда мешавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар марҳилаи дуюм бо ба кор андохтани хатти иловагии пешбинигардида истеҳсоли оби шифобахш дар зарфҳои шишагин ба роҳ монда мешавад ва аз ин ҳисоб иловатан 20 каси дигар бо ҷойҳои кории нав таъмин хоҳанд шуд.
Оби шифобахши «Хаватаг» аз умқи 1 580 метр бо ҳарорати табиии 55 дараҷа гармӣ, бе кӯмаки техникаи обкашӣ ба берун баромада, барои истеҳсол дастрас мегардад. Дар таркиби ин об моддаҳои нодири маъданӣ мавҷуд буда, ба он хосиятҳои нодири табобатӣ мебахшанд.
Оби шифобахши «Хаватаг» барои табобат ва пешгирии бемориҳои гуногуни меъдаву рӯда, ҷигар, гурда, буғум ва бемориҳои пӯст васеъ истифода мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаи навро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ба содиротнигаронидашуда, фарогирии сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва рушди саноат муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар ҳамин ҷо ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи ангоравии осоишгоҳи замонавии Хаватаг, ки аз ҷониби ҶСК «Осоишгоҳи Хаватаг» дар деҳоти Ниҷони шаҳри Истаравшан барои 240 нафар истироҳаткунанда дар як вақт ба нақша гирифта шудааст, муаррифӣ карда шуд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин осоишгоҳи муосир 100 ҷойи нави корӣ муҳайё хоҳад шуд.
Тибқи лоиҳа осоишгоҳи замонавии Хаватаг аз бинои асосии чорошёна ва як бинои иловагии хизматрасониҳои маишӣ иборат хоҳад шуд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон итилоъ доданд, ки дар осоишгоҳ табобати бемориҳои меъдаю рӯда, асаб, дарди миён ва бемориҳои пӯст ба нақша гирифта шуда, ҳамзамон бо истифода аз оби шифобахш дигар намуди хизматрасониҳои тиббӣ ба роҳ монда мешавад.
Зимни суҳбат бо коргарон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро барои саҳмгузорӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ, истифодаи имкониятҳои табиӣ ва таъмини сокинон бо кор муҳим арзёбӣ намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд






