Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд

Ноябрь 20, 2025 10:13

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чавроқ» ҳамчунин, ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро, ки бо саҳми мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда шудааст, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд. 

Аввалин иншооте, ки ба тариқи маҷозӣ ба истифода дода шуд, корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хишти ором” дар деҳоти ба номи Дадобой Холматов мебошад, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст.

Дар ин корхона, ки 25 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардидаанд, дар як шабонарӯз 100 ҳазор дона хишт истеҳсол карда мешавад.

Дар корхона истеҳсоли хишт ба воситаи дастгоҳҳои муосир, аз ҷумла робот сурат мегирад, ки меҳнати дастӣ кам ба назар мерасад.

Корхонаи истеҳсоли хишти сабуки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Бӯстон” бошад, дар мавзеи Рӯхаки деҳоти Ғозиён ба кор дароварда шуд.

Барои бунёду ба кор даровардани корхона 32 миллион сомонӣ харҷ гардида, бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир, ки асосан аз хориҷи кишвар оварда шудааст, дар як сол истеҳсоли 72 ҳазор метри мукааб хишти сабук ё газаблок имкон дорад. Дар корхона 55 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Анко-Инвест”, ки аз ҷумлаи калотарин ширкатҳои истеҳсолии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи чӯҷабарориро бунёд намуд. Дар давоми як сол корхона имкон дорад, 6 миллион сар чӯҷа истеҳсол намояд.

Зимни муаррифии имконияту иқтидорҳои истеҳсолӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар давоми 10 моҳи сипаришудаи соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 22 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси қариб 200 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд.

Дар ин рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, бинои таълимӣ, ошхона ва хобгоҳи Литсейи касбию техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки бо харҷи қариб 4 миллион сомонӣ навсозӣ карда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Таъмири пурра ва муҷаҳҳазсозии синфохонаю устохонаҳои таълимӣ ва дигар иншооти литсей бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалӣ гардида, корҳои сохтмониро ширкатҳои ватанӣ иҷро намудаанд.

Дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз як кӯдакистони хусусӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Муассисаи таҳсилоти томактабии “Ахтарони меҳр” дар партави иқдомҳои созандаи Роҳбари давлат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида, барои  таълиму тарбияи 360 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар ин муассисаи таҳсилоти томактабӣ имконияти мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон муҳайё буда, барои бозиву фароғат низ шароити зарурӣ фароҳам мебошад.

Дар ин рӯз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, ба таври онлайнӣ Қасри фарҳанги деҳоти ба номи Дадобой Холматовро, ки бо мабалағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин қасри зебою муҳташами дуошёна, аз толори барҳаво бо фарогирии 300 ҷойи нишаст, 5 синфхонаи таълимӣ барои тарбиятгирандани филиали мактаби санъат, китобхона, хонаи ақди никоҳ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Дар ошёнаи дуюми иншоот бошад, барои маъмурияти Ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматов 8 ҳуҷраи корӣ бунёд гардидааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар 6 иншооте, ки Роҳбари давлат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода доданд, дар маҷмуъ 230 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Ифтитоҳи фосилавии иншооти соҳаҳои саноат, маориф ва фарҳанг дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 20.11.2025

Ноябрь 20, 2025 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд