Пешвои миллат: «Парчами давлатӣ моро ҳамеша ба созандагиву ободкорӣ, худшиносӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол раҳнамоӣ мекунад»
ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Парчами давлатӣ моро ҳамеша ба созандагиву ободкорӣ, заҳматдӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол раҳнамоӣ мекунад. Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаҳои дунё муаррифи кишвари озоду ҳуқуқбунёди мо мебошад.
Сарвари давлат хотиррасон намуданд, ки сию се сол инҷониб мардуми тоҷик зери ин парчами ваҳдатофар дар оромиву осоиш, амнияту субот умр ба сар мебаранд ва кишвари худро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ободу зебо гардонида, дар арсаи олам машҳур карда истодаанд.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Парчами давлатӣ чун нишони давлати соҳибистиқлол дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, олимпиадаҳо ва дигар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мегардад. Ҳар вақте ки варзишгарони тоҷик ба майдон мебароянд, онҳо на танҳо номи шахсии худ, балки номи Тоҷикистони азизро муаррифӣ менамоянд.
«Ҳар пирӯзӣ ва ба ифтихори он баланд шудани парчами давлативу садо додани Суруди миллӣ ва шодии ҳазорон варзишдӯсти кишвар ин арзиши миллиро боз ҳам азизу муътабар мегардонад.Ин, бешубҳа, намунаи равшани ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ буда, ҳисси ифтихори миллиро дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бедор месозад.», -иброз доштанд Сарвари давлат.
АКС: АМИТ «Ховар»








Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд






