РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО ДИАБЕТИ ҚАНД. Чаро солҳои охир гирифторони ин беморӣ бештар шудаанд?
ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр Рӯзи байналмилалии мубориза бо диабети қанд маҳсуб мешавад. Дар ҷаҳон шумораи гирифторони ин беморӣ сол ба сол меафзояд, ки аксаран ба навъи дуюми он гирифтор мешаванд. Диабети қанд дар рӯйхати бемориҳое, ки бештари одамон аз он ба ҳалокат мерасанд, дар ҷойи ҳаштум аст. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон зиёда аз 500 миллион нафар аз ин беморӣ азият мекашанд. Ба таҳлили коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, то соли 2050 шумораи чунин беморон тақрибан ба яку ним миллиард мерасад.
Чаро солҳои охир гирифторони бемории диабети қанд бештар гардидаанд? Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ» Тоҳир Саъдуллозода дар посух ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» нишонаҳо, омилҳои гирифторӣ ва пешгирии ин бемориро чунин шарҳ дод:
Диабети қанд гурӯҳи бемориҳои метаболикӣ (мубодилаи моддаҳо) мебошад, ки дар натиҷаи мутлақ ё ки нисбатан норасоии инсулин ба вуҷуд меояд. Ин беморӣ боиси вайроншавии чарбҳо, сафедаҳо, карбогидратҳо, ҳипергиликимияи музмин, рагҳо ва тағйироти потологӣ дар узвҳои гуногун мегардад.
Солҳои охир гирифторони бемории диабети қанд, бахусус дар байни ҷавонон меафзояд. Омили гирифторшавӣ ба ин беморӣ на танҳо ирсият, балки ҳолати равонии инсон ва истеъмоли хӯрокҳои гуногун, аз ҷумла хӯрокҳои тезтайёр мебошад.
Бемории диабети қанд ду навъ мешавад: диабети қанди навъи 1 — беморие, ки бар асари он ғадуди зери меъда аз худ инсулин ҷудо намекунад ва дар натиҷаи ин ба бадани бемор доруи инсулин гузаронидан зарур меояд. Диабети қанди навъи 2 — беморие, ки бар асари он ғадуди зери меъда аз худ кам инсулин ҷудо мекунад ва ин беморро водор месозад, ки барои кам шудани миқдори қанди хунаш дору истеъмол намояд ё бо таъйиноти духтур ба баданаш доруи инсулин гузаронад.
Ба гурӯҳи диабети қанди ба инсулин вобаста, асосан кӯдакони навзод ва наврасону ҷавонони то 30-35-сола дохил мешаванд. Чунки бетаҳуҷайраи ғадуди зери меъдаи ин гуна беморон инсулин ҳосил намекунад ё ҳосилнокиашон хеле кам аст, ки миқдори муайяни қандро ба ҳуҷайраҳо расонида наметавонад, дар ин ҳолат қанди хун зиёд мешавад. Аз ин лиҳоз онҳо ба инсулин вобаста мешаванд. Бетаҳуҷайраи ғадуди зери меъдаи беморони диабети қанди ба инсулин новобаста инсулин ҳосил менамояд, аммо дар чунин беморон инсулин вазифаи худро иҷро карда наметавонад. Ба ин гурӯҳ шахсони аз 40-45-сола боло гирифтор мешаванд.
Агар яке аз омилҳои пайдоиши бемории диабети қанд ирсӣ бошад, омилҳои дигари пайдошавии он фарбеҳӣ, фишорбаландӣ, бемориҳои ғадуди зери меъда (ба монанди панкреатити музмин, ҷароҳат бардоштани ғадуди зери меъда), эндокринӣ (ҷоғари заҳрогин, инсенко-кушинга), сироятӣ (сурхакон, поратит), бемориҳои санги талхаву гурда ва ғайра мебошанд. Омили дигари гирифторӣ ба диабети қанд тарс ва стресс мебошад. Ҳангоми тарс гормонҳои организми инсон тағйир меёбанд ва дар ҳолати зиёд шудан бо гормони инсулин, ки дар бетаҳуҷайраи ғадуди зери меъда ҳосил мешавад, муқобилият нишон медиҳанд, ки дар натиҷа сатҳи қанд дар хун зиёд мегардад.
Нишонаҳои ин беморӣ хушк гаштани даҳон, афтидани дандонҳо, дер шифоёбии захмҳо, зуд-зуд сироятёбӣ, фарбеҳӣ, камҳаракатӣ, хирашавии чашмҳо, дард ва сӯзиш дар пойҳо мебошанд.
Тибқи таҳлилҳои мутахассисони соҳаи тиб, дар ҳолати беэътиборӣ зоҳир намудан ба ин бемоӣи оризаҳои гуногун ба вуҷуд меоянд. Инчунин оризаҳои бемории диабети қанд ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: оризаҳои шадид ва музмин. Оризаҳои шадид дар организм ҳангоми аз меъёр паст шудани сатҳи қанди хун ба амал меоянд, ки дар натиҷа шахсро ба беҳушшавӣ ва баъдан кома оварда мерасонанд. Оризаҳои музмини диабети қанд таъсири худро ба тамоми организм, аз ҷумла ба чашм, гурда, устухону бандҳо, қалб, пӯст, рагҳои хунгард ва асаб расонида метавонанд. Аз ин рӯ беморони гирифтори диабети қанд барои муътадил нигоҳ доштани сатҳи қанд дар хун бояд доимо бо табиб дар муошират бошанд.
Тоҳир Саъдуллозода тавсия медиҳад, ки ҳар инсон бояд тарзи ҳаёти солимро пеш барад. Яъне бояд ба варзиш машғул шуда, меваю сабзавотро бештар истеъмол намояд. Сайру гашт дар ҳавои тоза низ хеле муфид аст. Инчунин бояд аз хӯрокҳои зудтайёр ва ё таоми дуюм худдорӣ кард.
Агар инсон дар худ нишонаҳои ин бемориро мушоҳида намояд, ҳатман ба табиби эндокринолог бояд муроҷиат намояд. Дар ҳолати мубтало гардидан ба ин беморӣ инсон бояд аз худтабобаткунӣ худдорӣ намояд. Худсарона истифода бурдани дорувориҳо аз тарафи шахсон қатъиян манъ аст. Инсон бояд доир ба ин беморӣ ва оризаҳои он маълумоти бештар пайдо намояд. Асабоният бадтарин омил барои гирифторони ин беморӣ мебошад. Пас, беморон бояд ҳатман аз асабонӣ шудан худро канор гиранд.
Табибон мегӯянд, ки диабети қанд бемории табобатшаванда буда, вале пурра нест намешавад. Бемории диабети қанд мисли бемории баландшавии фишори хун ва баланд шудани чарбуҳои хун табобати доимӣ талаб мекунад. Дар ҳолати сари вақт гирифтани табобат ҷараёни беморӣ сабук гузашта, оризаҳои беморӣ камтар мешаванд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли шибит ба организми инсон чӣ фоида дорад?
Паёми Президенти Тоҷикистон навиди фарҳангсоз барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст
Дар Тоҷикистон нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Илм ва маориф дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ қарор дорад
Таъсиси Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера заминаи мустаҳками институтсионалӣ ва қонунгузорӣ дорад
ОЗОДАПАЛАНГ. Дар Тоҷикистон барои шикор ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба бабри барфӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пурзӯр гардид
ТАШАББУСҲОИ НАҶИБУ ОМӮЗАНДА. Дар хусуси аз ҷониби Пешвои миллат тақдим гардидани се китоб ба аҳолии Тоҷикистон
Рақамикунонӣ яке аз самтҳои муҳимтарини рушди соҳаи нақлиёти ҳавоӣ мебошад
ИЛМ ВА МАОРИФ — САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОК. Андешаҳо баргирифта аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






