Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқот намуданд

Ноябрь 13, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев, ки барои иштирок дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи робитаҳои байнипарламентиро муҳокима намуданд.

Иброз гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳамаи самтҳои асосии ҳамкорӣ устуворона рушд доранд. Созишнома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ ҳамчун марҳалаи таърихии муҳим дар рушди ҳамкории дуҷониба арзёбӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки робитаҳои байнипарламентӣ мунтазам тавсеа ёфта, Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент ҳамкории самараноку судманди худро пайваста таҳким мебахшанд.

Дар мулоқот мусоҳибон  ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ,  саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва фармасевтикаро ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок арзёбӣ намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин  доир ба ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо  масъалаҳои  муқовимат ба терроризм, таҳдидҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзиро баррасӣ намуданд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 13, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид