Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев, ки барои иштирок дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи робитаҳои байнипарламентиро муҳокима намуданд.
Иброз гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳамаи самтҳои асосии ҳамкорӣ устуворона рушд доранд. Созишнома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ ҳамчун марҳалаи таърихии муҳим дар рушди ҳамкории дуҷониба арзёбӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки робитаҳои байнипарламентӣ мунтазам тавсеа ёфта, Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент ҳамкории самараноку судманди худро пайваста таҳким мебахшанд.
Дар мулоқот мусоҳибон ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва фармасевтикаро ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок арзёбӣ намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин доир ба ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои муқовимат ба терроризм, таҳдидҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзиро баррасӣ намуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон






