Раванди иҷро ва мушкилоти рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.11. 2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воридкунандагон, намояндагони Кумитаи андоз ва намояндагони оператор оид ба пайгиринамоии муомилоти мол вохӯрӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумрук хабар доданд.
Дар вохӯрӣ раванди иҷро ва мушкилоти ҷойдошта дар самти татбиқи муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Азим Турсунзода оид ба амалигардонии қарор ва натиҷаҳои санҷиши гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Прокуратураи генералӣ маълумот пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки мақсад аз баргузории вохӯрӣ — муайян намудани роҳу воситаҳо барои таъмини иҷрои саривақтӣ ва бемамониати қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Муовини раиси Кумитаи андоз Абдусалом Раҳимзода иброз дошт, ки дар асоси моддаи 45 Кодекси андоз ва супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ раванди рамзгузории электронии молҳо давра ба давра нисбат ба гурӯҳҳои муайяни мол татбиқ мегардад.
Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Прокуратураи генералӣ ҳангоми санҷиши нуқтаҳои фурӯши чакана ҳолатҳои зиёди фурӯши молу маҳсулоти дорувориро бе рамзгузории электронӣ ошкор намудааст. Бо назардошти тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ҷавобгарии маъмурӣ ҳам барои рамзгузорӣ накардан, ҳам барои саркашӣ аз рамзгузорӣ ва ҳам нисбат ба оператор дар ҳолатҳои такроршавии қонунвайронкуниҳо пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои Абдусалом Раҳимзода, то имрӯз нисбат ба ширкатҳои фаъол ба миқдори 1,5 миллион сомонӣ ҷарима татбиқ шудааст.
Дар вохӯрӣ бо ишора ба хусусияти молҳои доруворӣ иброз гардид, ки мақомоти гумрук бо назардошти зарурати онҳо барои шаҳрвандон наметавонад воридоти онҳоро дар сарҳад манъ намояд. Мақомоти гумрук барои таъмини даромади буҷет барасмиятдарории гумрукиро сари вақт ва бемамониат анҷом медиҳад.
Намояндагони ширкатҳои воридкунанда гуфтанд, ки рамзгузорӣ асосан баъди воридоти мол ба Тоҷикистон анҷом дода мешавад, зеро маҳсулоти доруворӣ аз истеҳсолкунандагони гуногун ва бо ҳаҷмҳои мухталиф харида мешавад. Имконияти насби рамз дар хориҷи ҷумҳурӣ на ҳамеша вуҷуд дорад, зеро бор аксаран тавассути диллерҳо ва ширкатҳои логистикӣ интиқол дода мешавад.
Пешниҳод гардид, ки молҳои рамзгузоришаванда пас аз назорати гумрукӣ таҳти мушоияти гумрукӣ ба анбори молқабулкунанда интиқол дода шуда, дар он ҷо дар ҳузури дидбонгоҳҳои сайёри андозӣ назорати рамзгузорӣ таъмин карда шавад. Ин раванд роҳи ҳалли ягонаи муназзами занҷираи интиқоли мол то фурӯш арзёбӣ гардид.
Дар анҷом муовини якуми сардори Хадамоти гумрук изҳор дошт, ки мақомоти гумрук ба ҳамкории ҳамаҷониба омода аст. Аз Кумитаи андоз даъват шуд, ки масъалаи ташкили дидбонгоҳҳои андозӣ барои назорати молҳои рамзгузоришаванда мавриди омӯзиш қарор дода шавад.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид






