Раёсати дар Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ ба Тоҷикистон гузашт
ДУШАНБЕ, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр дар шаҳри Москав дар Кумитаи авиатсияи байнидавлатӣ ҷаласаи 47-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Директори Агентии авиатсияи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хабибулло Назарзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки фаъолияти Шуро намунаи муносибати созанда барои ҳалли масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ, ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтари расидан ба ҳадафҳои рушди соҳа ва омодагии кишварҳо барои амалисозии лоиҳаҳои байнидавлатии муҳим ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки кори муштарак барои мувофиқа кардани Ёддошти тафоҳум дар бораи таҳия ва истифодаи системаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ҳамкории кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бахши нақлиёт такони нав хоҳад бахшид. Ин санад ба рӯзномаи ҷаласа ва Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок оид ба татбиқи Консепсияи ҳамоҳангсозии системаҳои миллии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дохил карда шудааст.
Чорабиниҳои Нақша ба ҳамоҳангсозии низомҳои миллии аэронавигатсионӣ равона гардида, ҳадафи онҳо таъмини амнияти бештари парвозҳои авиатсияи гражданӣ ва баланд бардоштани самаранокии иқтисодии истифодаи фазои ҳавоии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.
Лоиҳаи ҳуҷҷат минбаъд барои пешниҳоди баррасӣ ба мақомоти олии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Кумитаи иҷроияи Иттиҳод супорида мешавад.
Зимни ҷаласа бо қарори роҳбарони ҳайатҳо Раёсат дар Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории ниҳодҳои авиатсионии кишварҳои ИДМ саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Иштирокчиёни ҷаласа доираи васеи масъалаҳои рӯзномаро баррасӣ намуда, дар анҷом протоколи ҷаласаи 47-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоиро имзо карданд.
АКС: Департаменти ҳамкории иқтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ


















Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






