РУШДИ САНОАТ. Дар Хоруғ коргоҳи қаннодӣ ва қаҳвахонаи «Асал» ба фаъолият шуруъ намуд
ДУШАНБЕ, 07.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат –саноатикунонии босуръати кишвар дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ дар остонаи таҷлили Рӯзи Конститутсия коргоҳи нави қаннодӣ ва қаҳвахонаи замонавии «Асал» ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳи коргоҳи қаннодӣ гуфта шуд, ки таъсиси чунин нуқтаҳои хизматрасонӣ ва истеҳсолӣ на танҳо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мусоидат мекунад, балки ҷойҳои нави кор низ фароҳам меорад.
Қаҳвахонаи «Асал» бо тарҳи замонавӣ, сатҳи баланди хизматрасонӣ ва интихоби васеи хӯроку нӯшокиҳои сарду гарм бунёд шудааст. Дар коргоҳи қаннодӣ маҳсулоти гуногуни қаннодӣ – аз нону кулчақандҳои гуногуни хуштаъм то шириниҳои миллӣ ва аврупоӣ истеҳсол мегардад.
Таъсиси чунин нуқтаҳои хизматрасонӣ қадами муҳим дар рушди соҳибкорӣ ва дастгирии истеҳсолоти ватанӣ мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






