Сафири Тоҷикистон бо вазири Девони амирии Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд

Ноябрь 20, 2025 14:23

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар Давлати Кувайт вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо вазири Девони амирии Давлати Кувайт Ҳамад Ҷобир Ал-Алӣ Ас-Сабоҳ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт иттилоъ доданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳо марбут ба густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона байни Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон роҳҳои татбиқи амалии тавофуқоте, ки зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ ба даст омада буданд, муҳокима карда шуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба баргузории чорабиниҳои муштараки минбаъда барои тавсеаи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ байни ду давлат табодули назар карданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

 

Ноябрь 20, 2025 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид