Сарвари давлат: «Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва рушди вилояти Суғд татбиқи 19 лоиҳаи дигар идома дорад»

Ноябрь 20, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар доираи 92 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ маблағи беш аз 11 миллиард сомонӣ амалӣ шудааст. Ҳоло барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони вилоят ва ободу пешрафта гардонидани он татбиқи 19 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо 2,6 миллиард сомонӣ аз худ гардидааст. Ин матлабро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд 19 ноябр зимни таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар даҳ моҳи соли равон баён намуданд.

Таъкид гардид, ки лоиҳаҳои номбаршуда асосан ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, рушди соҳаи энергетика, таҳкими соҳаи кишоварзӣ, таъмин намудани устувории зидди офатҳои табиӣ ва ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ тавассути бунёди долонҳои нақлиётиву иқтисодӣ равона шудааст.

Баҳри иҷрои пурра ва самараноки барномаҳои давлатии бахши кишоварзӣ роҳбарони соҳа ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз Президенти мамлакат супориш гирифтанд, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили зироати тирамоҳӣ, бахусус, пахта, инчунин, пешгирӣ намудани талафот дар соҳаи парандапарварию занбӯриасалпарварӣ чораҷӯйӣ намоянд.

«Ҳарчанд дар вилоят дар даҳ моҳи соли равон нақшаи ҷамъоварии андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 106 фоиз иҷро гардидааст, аммо бақияи қарзи андоз тамоюли афзоиш дорад, ки андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд»,-хотиррасон намуданд Пешвои миллат.

Дар мулоқот ҳамчунин Сарвари давлат ба масъулин супориш доданд, ки барои пешгирии ҳолатҳои истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии неруи барқ ва дигар қонунвайронкуниҳо дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Дастуру супоришҳо, ҳамчунин, доир ба омодасозии заминҳои кишт, мунтазам таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар дода шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 20, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад