Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом — Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Ноябрь 20, 2025 14:05

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом — Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро бо буридани лентаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Роҳи мошингарди Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз, Кучкак-Конибодом дар масофаи 52 км дар доираи Барномаи Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ки дар Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалӣ карда мешавад, бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бо арзиши 56 миллион доллар бунёд гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом 11 пули мошингузар, 17 истгоҳ, деворҳои оҳану бетонӣ, хатҳои барқ ва алоқа аз ҳарду канори роҳ, пиёдароҳҳо аз тахтасанг, панҷараҳои ҳимоявии канори роҳ, насби аломатҳои роҳ ва бунёди дигар иншооти ёрирасон мувофиқи лоиҳа бунёд гардид.

Ёдовар мешавем, ки 8 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом оғози расмӣ бахшида, таъкид намуда буданд, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд анҷом дода шавад.

Бояд гуфт, ки 10 сентябри соли 2024 Пешвои миллат дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо ҷараёни корҳои сохтмонии роҳи мазкур шинос гардида буданд.

Инак, пас аз чор сол роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом мутобиқ ба меъёрҳои стандартӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҳамчун қисми таркибии инфрасохтори нақлиётӣ дар кишвар ва минтақа имкониятҳои транзитии Тоҷикистонро васеъ мегардонад. Дар ин муддат роҳсозон тавонистанд бо неруи тоза ва бо истифода аз шароити мавҷуда корҳои сохтмониро бо сифати баланд анҷом диҳанд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳи Деҳмой-Конибодомро сокинони вилояти Суғд бо самимияти афзун ва ифтихор аз созандагиву бунёдкориҳои Ватан самараи вазифагузориҳои устувори Роҳбари давлат арзёбӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки тамоми масолеҳи сохтмонӣ дар бунёди ҳар се қитъаи роҳ мисли дигар роҳҳои дар кишвар бунёдшаванда қаблан аз ташхиси озмоишгоҳ гузашта, баъдан дар корҳои сохтмонӣ истифода гардидааст, то ин масир солҳо барои мардум хизмат расонад.

Дар назар дошта шудааст, ки сохтмон ва навсозии қитъаи чоруми ин масир Куруш-Бекобод бо дарозии 12,7 километр ба маблағи зиёда аз 8 миллион доллар ба роҳ монда шавад.

Ташаккули инфрасохтори муосири нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди роҳҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ ва байналмиллалӣ дар қатори дигар дастовардҳои даврони истиқлолият барои зиндагии шоиста ва босаодати мардум нақши арзишманд доранд.

Гуфта шуд, ки аз ҳисоби маблағҳои сарфашудаи Барномаи Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бо арзиши чоруним миллион доллар иловатан қитъаи Хистеварз-Соҳилоб бо дарозии 9,7 километр навсозӣ шуда, оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Дар ин масири иловагӣ 3 пули мошингузар пешбинӣ шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар масири Деҳмой-Конибодом баҳои баланд дода, изҳор доштанд, ки дар асоси дурнамо шоҳроҳҳои байналмилалии нақлиётӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд то соли 2030 ба кишвари транзитӣ табдил ёбад.

Расидан ба ин ҳадафи стратегии кишвар имкон медиҳад, ки  дӯстию ҳамкорӣ, баланд бардоштани иқтисоди миллӣ, мубодилаи молу маҳсулот, густариши тиҷорат ва дар ниҳояти кор ободонии Ватан ва зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон таъмин карда шавад.

Ба иттилои масъулин имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 13 миллиард сомонӣ мавриди амал  қарор дорад. Лоиҳаҳое, ки дар самти роҳу нақлиёт татбиқ мегарданд, на танҳо ба сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди иқтисодиёт таъсири мусбӣ мегузоранд, балки  нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари транзитӣ  боло мебардоранд.
Ифтитоҳи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом, қитъаи 1 Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, қитъаи 2 Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз, қитъаи 3 Кучкак-Конибодом 20.11.2025

Ноябрь 20, 2025 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия