Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди истифода қарор доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои навбунёд аз се ошёна иборат буда, дорои 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, бойгонӣ, маҷлисгоҳ ва қабули шаҳрвандон мебошад. Дар он беҳтарин шароит барои кормандон фароҳам оварда шудааст.
Ин иншооти навбунёд дар доираи корҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, туҳфаи арзишманд барои кормандон арзёбӣ мегардад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2024 оғоз гардида, аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷалби аъзои фаъоли ҳизб — соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша бунёд гардидааст.
Тибқи иттилои масъулин, ба ҳолати 1 ноябри соли 2025 аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 11384 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 73 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият дорад.
Қомат афрохтани бино ба маркази ноҳия ҳусни тоза зам намудааст. Атрофи иншоот бо гулу дарахтони сояафкан оро дода шуда, тамоми роҳраву гузаргоҳҳо сафолакпӯш гардидаанд.
Ҳамзамон, дар арафаи 31 солагии таъсисёбии ҲХДТ ба сохторҳои маҳалии ҲХДТ дар 18 шаҳру ноҳияҳои кишвар мошинҳои хизматӣ тақдим карда шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд






