Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои нави Прокуратураи шаҳрро ифтитоҳ намуданд

Ноябрь 19, 2025 12:20

ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бинои нави Прокуратураи шаҳрро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти навбунёд дар масоҳати умумии 1 ҳазору 500 метри мураббаъ бунёд гардида, аз 4 ошёна ва 14 ҳуҷраи корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, ошхона, таҳхона, меҳмонхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Дар бино барои фаъолияти хуби 8 мутахассис шароит фароҳам гардидааст. Илова ба меҳмонхона, ҳамчунин, дар иншооти мазкур ҳуҷраҳои зист низ мавҷуд аст.

Сохтмони бинои нав моҳи майи соли 2024 оғоз гардида, дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд шудааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгашта дар бинои прокуратура ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд доданд.

Бинои хизматӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар ба истиқболи сазовори ҷашни бузургу пуршукӯҳи миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ гардид.

Зимни суҳбат бо масъулин ва кормандони прокуратура Пешвои милллат барои тақвият бахшидани фаъолият, назорати риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба кормандон дастуру тавсияҳо доданд.

Таъкид шуд, ки кормандони мақомоти прокуратура бояд вазифаҳои хизматии худро содиқонаву софдилона дар назди Ватан ва мардум иҷро намоянд.

Бояд қайд намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои кормандони прокуратура дар шаҳру ноҳияҳо иншооти хуштарҳу замонавии хизматӣ ва истиқоматӣ ба истифода дода мешавад.

Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан ва ҷиҳати истиқлоли сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуан 28 иншооти нав, аз ҷумла 3 корхонаи саноатӣ, 4 муассисаи таълимӣ, 4 кӯдакистон, 4 иншооти соҳаи тандурустӣ, 4 иншооти соҳаи варзишу истироҳат, 2 бинои маъмурӣ ва 7 маркази хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки 5 иншоот бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, 10 иншоот ба таври маҷозӣ ва 13 иншоот бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маҷмуъ наздики 250 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Ифтитоҳи бинои Прокуратура дар шаҳри Истаравшан 19.11.2025

Ноябрь 19, 2025 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд