Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 10.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ, маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилиро бо маҷмуи бинову иншооти хизматӣ ифтитоҳ намуданд.
Боздиди Роҳбари давлат аз бинои шуъбаи махсуси зудамали ин қисми ҳарбӣ бо вохурӣ бо ҳайати шахсии ин ниҳод оғоз ёфт.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамин мавзеъ барои ташкили фаъолияти хизматии кормандони шуъбаи махсуси зудамали қисми ҳарбӣ бинои дуошёна сохта шудааст, ки он аз хобгоҳ, ҳуҷраҳои кориву санитарӣ, ҳуҷраи нигоҳдории аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.
Бино бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ бо тарҳи муосир бунёд шуда, дар он барои ҳайати шахсӣ ва кормандони шуъбаи махсуси зудамали қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ шароити хуби корӣ ва хизматӣ фароҳам оварда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбат ҳайати шахсиро ба муносибати рӯзи касбиашон самимона табрик намуданд ва кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба хизмати софдилона ба Ватан ва истифодаи самараноки шароиту имконоти фароҳамшуда ҳидоят карданд.
Зимни боздид аз маркази нави инноватсионии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти кишвар иттилоъ доданд, ки дар марказ мутахассисон пас аз хатми курсҳои омӯзишӣ бо истифода аз хатти нави технологӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти махсус, ҳавопаймоҳои хурди бесарнишин (дрон) ва маҷмуи бесарнишини разведкаи ҳавоиро омода месозанд.
Маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилӣ ва маҷмуи иншооти таъйиноти хизмативу маишӣ бо супориши Президенти кишвар ҷиҳати рақамикунонии соҳа, омӯзиш ва омодасозии кадрҳои ҷавони самти технологияи рақамӣ дар муҳлати 5 моҳ сохта шудааст. Низоми муосири фаъолият дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълони солҳои 2025-2030, «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» амалӣ шуда, ба тақвияти омодабошии ҷангии воҳидҳои таъйиноти махсус, таъмини амният, мубориза бо терроризм ва ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунад.
Дар идомаи боздид ба Роҳбари давлат фаъолияти мустақими мутамаркази навтаъсис дар нуқтаҳои дурдасти кишвар бо истифода аз технологияи нави инноватсионӣ намоиш дода шуд.
Ҳоло бо ҳадафи рақамикунонӣ дар сохтори мазкур, татбиқи низоми ягонаи иттилоотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад, ки якчанд намуди модулҳоро дар бар мегирад. Таъсиси замима-барономаи мобилии Вазорати корҳои дохилӣ яке аз модулҳои низоми муосир аст, ки тавассути он, шаҳрвандони кишвар метавонанд маълумоти дурусту саривақтиро дастрас намоянд. Дар робита ба ин, соли 2025 дар сохтори Раёсати қушунҳои дохилӣ, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, Раёсати воҳидҳои таъйиноти махсус ва Раёсати алоқаи Вазорати корҳои дохилӣ шуъба ва бахшҳои технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуд. Дар марказ барои кормандону мутахассисони ҷавон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст, ки бо таҷҳизоти лозима таъмин мебошад.
Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо шароити бинову иншооти дигари навсохт шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин мавзеъ барои пешбурди фаъолият ва будубоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳамзамон бинои дуошёнаи маъмурӣ, бинои таълимӣ, бошишгоҳи нигоҳдории техника, истгоҳи мошинҳо, толори варзишӣ, ошхона, ҳаммоми замонавӣ, майдончаҳои футболи хурд ва валейбол, ҳавзи шиноварии тобистона, комплекси машқҳои атлетикӣ, бинои озмоишгоҳи махсус, майдони сафороӣ ва хатти монеаҳои махсус барои машқу тамрин бунёд шудааст, ки ҳамаи он бо таҷҳизоту лавозимот ва инфрасохтори зарурӣ таъмин мебошад. Ҳамаи бинову иншооти навсохти қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст аст.
Дар ин ҷо, ҳамчунин ба Сарвари давлат фаъолияти намунавии хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ дар соли 2025 муаррифӣ шуд.
Тибқи иттилои масъулин соли 2025 аҳли заҳмати хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ тавонистаанд аз заминҳои корам ҳосили хуби меваю сабзавот ва ғалладона ба даст оранд. Хоҷагӣ 370 гектар замини корам, 47 гектар боғу токзор ва 253 оилаи замбури асал дар ихтиёр дорад, ки ҳосили фаровони меваю сабзавот ва полезӣ ба қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои он равона мегардад. Дар хоҷагии ёрирасони Қушунҳои дохилӣ, ҳамзамон 835 сар чорвои калону майда ва 49 сар асп парвариш меёбанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар барои беҳсозии шароити кории хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бинову иншооти замонавӣ бунёд ва дар ин баробар пойгоҳи моддиву техникӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои он пурқувват гардонида мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди боздид таъкид намуданд, ки пойдории сулҳу осоиш, суботи сиёсӣ, таъмини зиндагии ороми мардум ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ, ки имрӯз дар кишвар ба назар мерасад, натиҷаи саъю талоши ватандӯстона ва матонату садоқати хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон мебошад.









Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Пекин
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан мулоқот намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак ба сохтмони ду иншооти нави соҳаи маориф оғоз бахшида шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Маҷмааи муҷассамаи «Қаҳрамонҳои миллӣ»-и Чин дар Пекин гулчанбар гузоштанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Ҷао Леҷӣ мулоқот намуданд
Мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ан Сяомэн, рӯзноманигори Агентии иттилоотии «Синхуа»-и Чин нашр шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои директорони СИТИС Груп Корпорейшн Лимитед (CITIC Group Corporation Ltd.) Си Гохуаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳои Чин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) Зоу Ҷиайи мулоқот намуданд






