Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд

Ноябрь 18, 2025 20:40

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, сармоягузорӣ, гумрук, кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим, амният ва бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай самти муҳими фаъолияти иқтисоди хориҷии худ медонад.

Тавре таъкид шуд, бо вуҷуди таъсири омилҳои беруна, иқтисоди Тоҷикистон рушди устувори худро нигоҳ медорад – суръати афзоиши он дар соли 2025 8,2 дарсад пешгӯӣ мегардад. Дар ҳамин ҳол, аз се ду  ҳиссаи гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай рост меояд, ки ин рақам мунтазам афзоиш меёбад.

Таъсиси Бонки рушди Созмони ҳамкории Шанхай метавонад қадами калидӣ дар самти дастгирии лоиҳаҳои бузурги муштарак номида шуд.

«Барои беҳтар кардани ҳамлу нақли фаромарзӣ Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки Платформаи ягонаи рақамии Созмони ҳамкории Шанхай барои идоракунии ҳамлу нақли мултимодалӣ таъсис дода шавад», — гуфт Қоҳир Расулзода.

Ҳамзамон, пешниҳод гардид, ки давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкориро дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, нассоҷӣ, коркарди маводи ғизоӣ, инноватсия ва технологияҳои сабз тақвият бахшанд. Барои таҳкими амнияти озуқаворӣ таъсиси платформаҳои электронии минтақавии маҳсулоти кишоварзӣ зарур шумурда шуд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода табодули фарҳангиро омили муҳими рушд унвон карда, пешниҳод намуд, ки табодули донишҷӯён миёни кишварҳо боз ҳам густурда гардад.

Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба ӯҳда гирифтани раёсати Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай саъю кӯшиши худро ба навсозии минбаъдаи стратегии рӯзномаи иқтисодии Созмон равона хоҳад кард.

Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкории созанда бо ҳамаи давлатҳои аъзо  аст ва азм дорад дар ташаккули Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун иттиҳоди сулҳ, рушд ва шукуфоӣ саҳм гузорад.

Ҳамзамон, бояд таъкид намуд, ки баъд аз анҷоми ҷаласа Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории давлатҳо дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай  баррасӣ гардида, оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои бисёрҷониба ва натиҷаҳои ҷаласаи навбатӣ табодули афкор карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 18, 2025 20:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд‎
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд