Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дӯстӣ бо корҳои ободонию созандагӣ ва саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта шинос шуд

Ноябрь 22, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар асоси  супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун ва саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтаву коркард намудани он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дӯстии вилояти Хатлон сафар намуд.

Сарвазири мамлакат нахуст дар шаҳраки Хоҷамастони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Маркази хизматрасониро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Марказ аз 3 ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ   Ҷамолиддин Ҳасанов ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ инчунин дигар иншооти ҷашнӣ, бинои нави Шуъбаи қабули беморон ва ёрии таъҷилии беморхонаи марказии ноҳия ифтитоҳ гардид. Бинои нав бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳоқимияти давлатии ноҳия  ва саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша дар масоҳати 372 метри мурабаъ қомат афрохта,  дорои ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, табибони ҷарроҳ, амрози даруна, ҷароҳатбандӣ, эҳёгарӣ, кӯдакона, ташхиси ултрасадо ва утоқи сабти барқии дил мебошад.

Кушодашавии Шуъбаи навро табибону масъулон қадами муҳиме дар беҳтарсозии сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ноҳия номиданд.

Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат дар деҳаи Сумбулаи ноҳия бинои дуошёнаи бунгоҳи тиббӣ ва коргоҳи дузандагӣ мавриди истифода қарор дод, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Сарвазири мамлакат  Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Дӯстӣ бо  фаъолияти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай Хатлон Син Силу» шинос шуд. Ин корхонаи бузурги саноатӣ аз лиҳози иқтидори истеҳсолӣ ва сатҳи технологӣ дар Осиёи Марказӣ камназир буда, аз соли 2015 ба фаъолият мекунад.

Корхона соли равон беш аз 20 ҳазор тонна пахтаро қабул ва то ин давра зиёда аз 16 ҳазор тоннаи онро коркард намуда, ба истеҳсолот равона кардааст.

Дар «Ҷунтай Хатлон Син Силу» 360  мутахассису коргари маҳаллӣ бо кори доимӣ ва 1200 нафар бо кори муваққатӣ ва маоши хуб таъминанд.

Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки корхонаи м

азкур беш аз 4 ҳазор гектар заминро барои кишти пахта дар ихтиёр дошта, яке аз бузургтарин истеҳсолкунандаҳои ин ашёи хом дар минтақа ба ҳисоб меравад. Маҳсулоти корхона, асосан, ба содирот нигаронда шудааст.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода саҳми  роҳбарияти  Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай Хатлон Син Силу»-ро  дар самти азхудкунӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ҳам назаррас арзёбӣ намуда, барои боз ҳам бештар ба роҳ мондани  ҳамкории судманд  бо пахтакорон,  таъмини  тухмиҳои хушсифату гирифтани ҳосили баланд, масъулонро вазифадор намуд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 22, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд