ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода изҳор дошт, ки Рӯзи Парчами давлатӣ аз ҷашнҳои муқаддаси миллати тоҷик буда, чун рамзи асосии давлатдорӣ, ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва пайванди устувори давлат ва миллати тоҷик мақому манзалати хосса дорад.
Парчами давлатӣ дар ҳама давру замон барои ҳар фарди соҳибватану хештаншинос ҷилои нангу номус ва шарафу ифтихор мебошад. «Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин парчами муқаддас дар арсаи ҷаҳонӣ ба рамзи дӯстӣ, суботи сиёсӣ ва ҳадафҳои созандаи миллати тоҷик табдил ёфт. Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар созмонҳо ва минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ бо эҳтироми хос парафшон мегардад, ки нишони нуфузи мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад»,-иброз дошт Убайдулло Асрорзода.
Изҳор гардид, ки ҳар маротиба парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ на танҳо нишонаи ҳузури расмии Тоҷикистон, балки бозгӯйи нақши созанда, сиёсати дурбинона, муносибатҳои дӯстона ва саҳми фаъоли мамлакат дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз қабили таъмини амният, мубориза бо терроризму экстремизм, ҳифзи муҳити зист, масъалаҳои об ва рушди устувор мебошад.
Дар қисмати ҷамъбастии ҳамоиш ба ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, ки ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ташкил гардида буданд, дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон













Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






