Сокинони ноҳияи Ёвон Рӯзи Парчами давлатиро ботантана таҷлил намуданд

Ноябрь 24, 2025 11:56

ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони ноҳияи Ёвон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳия ҳамоиши тантанавӣ  баргузор гардид.

Зимни ҳамоиши тантанавӣ Роҳбарияти ноҳия сокинонро бо ҷашни Парчами давлатӣ табрик намуда, иброз дошт, ки «қабул гардидани ин рамзи муқаддаси давлатӣ ҳамчун иқдоми олии ватандӯстона ба оини давлатдорӣ ва зиндагию тафаккури халқи тоҷик мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Мардуми Тоҷикистон ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун падидаи  бисёр муҳиму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нақши Парчами давлатӣ дар муаррифии халқи соҳибтамаддуну куҳанбунёди тоҷик ва давлату миллат ҳамчун посдорандаи муқаддасоти миллии тоҷикон иброз намудаанд, ки: «тоҷикон дар таърихи навини худ бо Парчами давлати соҳибихтиёр узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардиданд ва равобити дӯстию ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодию фарҳангиро бо аксар кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монданд».

Парчами давлатӣ нишони соҳибдавлатию соҳибихтиёрӣ, ифодакунандаи таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик буда, рамзи муқаддаси давлатдорӣ, ифтихори миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ дар шуури ҳар фарди бонангу ори ҷомеа мебошад. Парчам ҳар фарди ватандӯсту меҳанпарварро водор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад. Он бо рангу тарҳи худ моро бо таърихи пурифтихори давлатдории миллӣ, қаҳрамонию мардонагӣ ва ваҳдати миллӣ шинос мекунад»,- изҳор дошт Роҳбарияти ноҳия.

Таъкид гардид, ки давоми таърих халқи тамаддунсолори тоҷик вобаста ба ҳадафу мақсадҳои сиёсӣ ва муборизаю таҳдидҳои бегонагон ҳеҷ гоҳ парчами худро аз даст надода, онро ҳамчун муқаддасоти олӣ, нишонаи шараф, номус ва ғурури миллат ҳифз намудааст.

«Аз ҳамин лиҳоз ҳар нафари мо, махсусан ҷавононро зарур аст, ки таҳти сиёсати ояндабинона ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва парфишонии Парчами давлатӣ муттаҳиду сарҷамъ гардида, арзишҳои давлату миллат ва дастовардҳои даврони истиқлоламонро сарбаландона ҳифз намоем»,- гуфта шуд дар чорабинӣ.

Эҳтиром ба Парчам ва дигар муқаддасоти миллӣ эҳтиром ба руҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомонию Темурмалик, Рӯдакию Фирдавсӣ ва садҳою ҳазорон абармардони гузаштаи мо мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

 

Ноябрь 24, 2025 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид