Султон Раҳимзода дар Форуми байналмилалии «Istanbul Development Dialogues 2025» рушди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 ноябри соли равон Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар Форуми байналмилалии «Istanbul Development Dialogues 2025» иштирок намуда, дар ҷаласаи «Тақвияти шарикиҳо барои устуворӣ ва барқарорсозӣ» сухан намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни муҳокима масъалаҳои муҳими тақвияти устувории иқлимӣ, рушди шарикиҳо барои идоракунии хавфҳои табиӣ ва иқлимӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи маблағгузории устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Султон Раҳимзода равишҳои Тоҷикистонро дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, рушди иқтисоди «сабз» ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори устувор муаррифӣ карда, аҳамияти густариши ҳамкории байналмилалиро барои тақвияти устувории минтақаҳо таъкид намуд.
Ҳамчунин дар ҳошияи форум вохӯрии корӣ бо мудири Маркази минтақавии Барномаи рушдии Созмони Милали Муттаҳид (ПРООН) дар Истанбул Стелиана Недера баргузор гардид, ки зимни он самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ, аз ҷумла ташаббусҳои муштарак дар соҳаи рушди устувор ва таҳкими устувории иқлимӣ баррасӣ шуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






