Таҷрибаи ҳифзи осори классикӣ ва дастгирии фарҳанг дар Гуйчжоуи Чин дар солҳои ҷанг

Ноябрь 28, 2025 12:30

ДУШАНБЕ, 28.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон як қисми нусхаҳои осори классикии Чин, аз ҷумла маҷмӯаи «Si Ku Quan Shu» — «Китобхонаи комил дар чор шохаи адабиёт», барои таъмини бехатарӣ аз минтақаҳои шарқӣ ба қисмати ғарбии кишвар интиқол дода шуданд. Дар ҷараёни ин кӯчиш китобҳо аз чанд музофот гузаронида шуда, ниҳоят ба шаҳри Гуйянг расиданд. Дар давраи панҷ солу ҳашт моҳ ин маҷмӯа дар ғори Диму ҳифз карда шуд ва имкони нигоҳдории устувори он таъмин гардид.

Пас аз шиносоӣ бо таърихи кӯчиши ҷангии Донишгоҳи Чжэтсзян, донишҷӯёни ин донишгоҳ — Хосе Луис Фонсекa Конехо ва Гарибмамадова Сабзон — ба омӯзиши сарнавишти «Si Ku Quan Shu» таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Бо ташаббуси Сабзон онҳо бо донишҷӯи дигар аз Гуйчжоу — Гун Тсинмин — ба таҳқиқи нақши минтақа дар ҳифзи осори фарҳангӣ пардохтанд.

Марҳилаи аввалини сафар аз Боғи ҷангалии гузаргоҳи Лучунггуан оғоз ёфт, ки дар он ҷо онҳо бо мудири Толори Вэнлан дар Гуйянг, Ҷу Ҷян, мулоқот карданд. Ӯ аз роҳҳои гуногуни интиқоли осор аз музофотҳои Чжэтсзян, Фуҷзян, Ҷянсй, Ҳунан ва Гуйчжоу, инчунин аз шароити нигоҳдории онҳо дар давраи ҷанг маълумот дод. Баъдан гурӯҳ ба ноҳияи Хуасӣ сафар кард, ки дар солҳои ҷанг ҳамчун паноҳгоҳ барои як қатор нависандагон ва донишмандон хизмат мекард. Дар ин ҷо онҳо бо фаъолияти фарҳангии он давра, аз ҷумла бо фаъолияти нависандаи маъруфи он солҳо Ба Ҷин шинос шуданд.

Таҳқиқоти гурӯҳ бо шиносоӣ бо маркази шаҳрии Гуйянг идома ёфт. Дар кӯчаи Диантаи онҳо аз таърихи Радиои Гуйчжоу маълумот гирифтанд. Гун Тсинмин ҳамчунин дар бораи ташаббусҳои фарҳангӣ, аз ҷумла консертҳои «Чжугуан», ки ҳадафашон дастгирии ҷомеа дар солҳои ҷанг буд, маълумот дод.

Сафар дар наздикии Павилйони Вэнчан анҷом ёфт, ки дар он ҷо гурӯҳ ба як барномаи хурди мусиқӣ ширкат варзид. Дар маҷмуъ, тамоми марҳилаҳои ин сафар ба донишҷӯён фаҳмиши амиқтар дар бораи нақши Гуйчжоу дар нигоҳдорӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ дар солҳои ҷанг фароҳам овард.

Манбаъ: Up Guizhou

Ноябрь 28, 2025 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши таърихии вилояти Гуйчжоу дар ҳифзи фаъолияти илмӣ дар солҳои ҷанг
Нигоҳе ба рӯҳи башардӯстӣ дар Гуйчжоу
Хати ҳаёт дар миёни аланга: гузашта ва имрӯзи рагҳои нақлиётии Чини замони ҷанг
Аз Чини зебо то Осиёи Марказии «сабз»
Дар шаҳри Сиан 13-умин Форуми ҷаҳонии видеомедиа ва маросими таъсиси механизми «Шарикони медиаи Ҷануби Глобалӣ» оғоз ёфт
Мусоҳибаи хабарнигори CGTN доир ба изҳороти Пленуми 4-уми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин
Дар Пекин Ҳамоиши ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои занон баргузор гардид
14-16 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest-2025» баргузор мешавад
ҲАМОҲАНГӢ БО ТАБИАТ-РОҲИ ШУКУФОӢ! Ва ё чӣ гуна деҳаи Юйчун ба намунаи шукуфоии сайёҳии «сабз» табдил ёфт
Си Ҷинпин даъват намуд, ки андешаҳои мардум дар таҳияи Нақшаи панҷсолаи 15-ум ба назар гирифта шаванд
Афоризмҳои дӯстдоштаи Си Ҷинпин
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!