Таҳти раисии намояндаи Тоҷикистон ҷаласаи Шурои намояндагони доимии ИДМ баргузор шуд

Ноябрь 26, 2025 10:41

ДУШАНБЕ, 26.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар шаҳри Минск  таҳти раисии Намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, зимни ҷаласа намояндагони доимӣ натиҷаҳои фаъолияти Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Заминро барои солҳои 2021–2024 мавриди баррасӣ қарор доданд.

Илова бар ин, аъзои шуро маълумотро роҷеъ ба фаъолияти Шурои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар солҳои 2019–2024 ба эътибор гирифтанд.

Ба иштирокчиёни нишаст оид ба масъалаҳои мубрами салоҳияти субъективии Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иттилоот манзур гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

Ноябрь 26, 2025 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид