Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад

Март 10, 2026 09:20

ДУШАНБЕ, 10.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Корҳои омодагӣ ба ин чорабинии сатҳи баланд оғоз гардида, кумитаи тадорукот таъсис дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 12 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардида буд.

Дар ин ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон, Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон, Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон, Вазири корҳои хориҷии Покистон, инчунин роҳбари ҳайатҳои давлатҳои нозири Созмон ва роҳбарони як зумра созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2018 даҳ қарори Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва ду санади нави ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои Созмон ба имзо расиданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 10, 2026 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд