Тоҷикистон 9 терминал ва маркази логистикиро ба рӯйхати «бандарҳои хушк»-и ЭСКАТО пешниҳод намуд

Ноябрь 22, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи гурӯҳи кории Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО)  9  терминали нақлиётӣ ва марказҳои логистикии мамлакатро барои дохил намудан ба рӯйхати «бандарҳои хушк»-и дорои аҳамияти байналмилалӣ пешниҳод намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, барои гирифтани мақоми «бандарҳои хушк»-и дорои аҳамияти байналмилалӣ иншооти зерин пешниҳод шуданд:

– Маркази логистикии шаҳри Душанбе (Ҷамъияи саҳомии пӯшидаи «Тоҷиквнештранс»);

– Терминали наздисарҳадии «Панҷи поён» (ноҳияи Ҷайҳун);

– Терминали наздисарҳадии «Кулма» (ноҳияи Мурғоб);

– Терминали наздисарҳадии «Лахш» (ноҳияи Лахш);

– Терминали наздисарҳадии «Гулистон» (шаҳри Исфара);

– Терминали наздисарҳадии «Бобоҷон Ғафуров» (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

– Маркази логистикии «Турсунзода» (шаҳри Турсунзода);

– Маркази логистикии «Хоруғ» (ноҳияи Шуғнон);

– Маркази логистикии «Мурғоб» (ноҳияи Мурғоб).

Баъд аз таҳқиқи  ин иншоот муайян сохтани мутобиқати онҳо ба талаботе, ки дар замимаи II Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи «бандарҳои хушк» муқаррар шудааст, гузаронида мешавад. Таҳқиқот аз ҷониби Маркази омӯзиши  масъалаҳои рушди нақлиёт ва логистика бо дастгирии техникии ЭСКАТО доир  мегарданд.  Дар асоси натиҷаҳои таҳқиқот иншоот  расман ба рӯйхати байналмилалии «бандарҳои хушк» дохил карда мешаванд.

Пайвастан ба шабакаи «бандарҳои хушк» — и ЭСКАТО имкон медиҳад, ки ин терминалҳо ва марказҳои логистикӣ дар харитаҳои расмӣ инъикос карда шаванд. Он барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди иқтидори транзитии Тоҷикистон ва ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтори миллии нақлиётӣ ва логистикӣ шароити иловагӣ фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи гурӯҳи кории ЭСКАТО дар шаҳри Бангкок доир шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 22, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд