Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошад

Ноябрь 28, 2025 11:03

ДУШАНБЕ, 28.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ буда, омода аст ҳамкориро дар самти таҷдиди шабакаҳо, зеристгоҳҳо ва истифодаи технологияҳои барқароршаванда васеъ намояд. Ин матлаб 27 ноябр зимни вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода бо намояндаи иқтисодии Олмон дар Осиёи Марказӣ Эдуард Кинсбрунер баён гардид.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо имконияти ҳамкориро дар бахшҳои энергетика, саноат, логистика, кишоварзӣ ва иқтисоди рақамӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба рушди саноати коркард, инфрасохтори логистӣ, занҷираи «сардхона» ва рақамисозии расмиёти гумрукӣ равона гардид. Намояндаи  иқтисодии Олмон дар Осиёи Марказӣ иброз намуд, ки корхонаҳо ва ширкатҳои Олмон омодаи омӯзиши ҳамаҷонибаи имконияти ҳамкорӣ дар ин бахшҳо мебошанд.

Итттилоъ дода шуд, ки иқтисодиёти мамлакат солҳои охир нишондиҳандаҳои устувор, аз қабили болоравии солонаи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба беш аз 8 фоиз, сатҳи пасти таваррум, суботи қурби пули миллӣ ва болоравии ҳаҷми содироту воридотро бо кишварҳои шарик нишон медиҳад. Чунин тамоюлҳо барои густариши фаъолияти муштарак ва ҷалби сармояи хориҷӣ заминаи устувор фароҳам меоранд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 28, 2025 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд