Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи 23-юми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад

Ноябрь 17, 2025 15:28

ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 23-юми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия иштирок  дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Рӯзномаи кории ҷаласа, ки онро Маҷлиси бузурги миллии Туркия мизбонӣ менамояд, баргузории конфронси парлумонӣ таҳти унвони «50 соли САҲА: Эҳёи бисёрҷониба тавассути муколама ва ҳамкорӣ», инчунин Форуми баҳри Миёназамин ва ҷаласаи кумитаи доимиро дар бар мегирад.

Зимни баргузории ҷаласа вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба тақвияти муколама ва эътимоди сиёсӣ, тиҷорати ҷаҳонӣ, пайвастагӣ ва рушди устувор, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва дастгирии арзишҳои оилавӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

         АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 17, 2025 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид