Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи 23-юми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 23-юми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Рӯзномаи кории ҷаласа, ки онро Маҷлиси бузурги миллии Туркия мизбонӣ менамояд, баргузории конфронси парлумонӣ таҳти унвони «50 соли САҲА: Эҳёи бисёрҷониба тавассути муколама ва ҳамкорӣ», инчунин Форуми баҳри Миёназамин ва ҷаласаи кумитаи доимиро дар бар мегирад.
Зимни баргузории ҷаласа вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба тақвияти муколама ва эътимоди сиёсӣ, тиҷорати ҷаҳонӣ, пайвастагӣ ва рушди устувор, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва дастгирии арзишҳои оилавӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






