ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд

Ноябрь 24, 2025 13:18

ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ZET-MOBILE мисли ҳамешагӣ муштариёни худро бо имконияти нав шод мегардонад. Ширкат натиҷаҳои давравии иқдоми бузурги «Миллионро гир» -ро, ки аз 15 августи соли 2025 оғоз ёфта, aллакай ҳазорон иштирокчиро дар саросари мамлакат ҷалб намудааст, ҷамъбаст намуд.

Ғолибони моҳи октябр муайян гардиданд:

  • ID 0305169 — 10 000 сомонӣ
  • ID 0223927 — 15 000 сомонӣ
  • ID 0212812 — 20 000 сомонӣ

ZET-MOBILE ҳама ғолибонро табрик гуфта, хотиррасон месозад, ки имконоти бурд дар пеш боз ҳам бештар мебошанд — ҷамъбасти асосӣ ҳанӯз дар пеш аст.

Миллион соҳиби худро интизор аст

Шоҳҷоизаи иқдом — 1 000 000 сомонӣ. Ҳаҷми умумии фонди мукофотдиҳӣ 1 325 000 сомонӣ-ро ташкил медиҳад, ки ба он чунин ҷоизаҳо дохил мебошанд:

  • 5 ғолиб — бо 20 000 сомонӣ
  • 5 ғолиб — бо 15 000 сомонӣ
  • 5 ғолиб — бо 10 000 сомонӣ

Ҳамчунин барои иштирокчиён бурдҳои иловагӣ бо арзиши аз 10 000 то 30 000 сомонӣ пешбинӣ шудаанд.

Барои иштирок дар иқдом муштариёни ZET-MOBILE метавонанд ID-рамзро бо арзиши 3,5 сомонӣ тавассути рақами кӯтоҳи 2929 ё барномаи мобилии ZET-MOBILE харидорӣ намоянд.

Ҳар як ID-рамз ба муштарӣ 50 МБ интернет барои 30 рӯз медиҳад ва ба таври худкор ба иқдом дохил мегардад. Чӣ қадар ID — рамз зиёд бошад, имконияти барои бурд низ зиёд  аст.

Иқдом то 31 декабри соли 2025 идома меёбад. Соҳиби Шоҳҷоиза — 1 миллион сомонӣ — дар эфири мустақими телевизиони давлатӣ эълон хоҳад шуд.

Фурсати соҳиби як миллион сомонӣ шуданро аз даст надеҳ!

+992 800 800 800 | https://zet-mobile.com/

 

Ноябрь 24, 2025 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш