1 январ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили зимистона мебароянд
ДУШАНБЕ, 29.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 январ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили зимистона оғоз мегардад, ки то 7 январи соли 2026 идома меёбад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд.
Давоми 7 рӯзи таътил хонандагон метавонанд аз рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ, ки барои хониши беруназсинфии талабагон тартиб дода шудааст, истифода намоянд.
Давоми сол сатҳу сифати дониши хонандагон дар охири ҳар чоряк ҷамъбаст гардида, дар шуроҳои омӯзгорӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар муассисаҳои таълимӣ барои хонандагон таътил чунин муқаррар карда мешавад:
таътили тирамоҳӣ: 7 рӯз (аз 1 то 7 ноябр)
таътили зимистона: 7 рӯз (аз 1 то 7 январ)
таътили баҳорӣ: 5 рӯз (аз 25 то 29 март)
таътили тобистона, ки пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома меёбад.
Машғулият барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасад. Дар мавридҳои зарурӣ тағйир додани вақту муҳлати таътил танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф амалӣ мегардад.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама падару модаронро даъват менамояд, ки дар таътили зимистона назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд фарзандонашон вақти бештари худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд. Ҳамчунин волидайн бояд монеи оворагардӣ ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯчаю марказҳои интернетӣ шаванд.
Падару модар бояд дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» амал намуда, ба таълиму тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ диҳанд. Онҳоро дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳру вафо, садоқат ба меҳану миллат, ҳувияти баланди миллӣ, ҳифозатгари марзу буми Ватан, парчамбардорони ҳақиқӣ, донишманду соҳибкасб будан тарбия намоянд, то фарзандон ба муқобили амалҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир ба воя расанд.
Имрӯз насли ҷавонеро бояд тарбия намуд, ки дар ҳаёт ҳар монеаи пешомадаро бартараф ва ҳар навъ мушкилоти моддию маънавии оилавиро ҳал намуда тавонад ва ҳеҷ гоҳ гирифтори ноумедӣ нагардад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






