35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Калфи Сабади ноҳияи Ёвон майдони варзишии муосир сохта мешавад

Декабрь 11, 2025 09:06

ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар деҳаи Калфи Сабади деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст ва сокинони маҳаллӣ майдони варзишии дорои чамани сунъӣ бо тарзи муосир бунёд карда мешавад.  Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои ҳамворкунии чамани сунъӣ, панҷарабандӣ, симтӯрҳои муҳофизатӣ, насби рӯйпӯши ҳимоявӣ ба анҷом расида, бунёди ҷойи нишасти тамошобинон, минбар ва утоқҳои либосивазкунии варзишгарон идома дорад.

Иншоот ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ буда, паҳноии он 60 ва дарозияш 90 метрро дар бар мегирад.

Ин майдони варзишӣ дар миқёси вилояти Хатлон аз лиҳози тарзу усул ва муосир ягона арзёбӣ мегардад. Баъди ба истифода додани майдони варзишӣ имкони баргузории мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ ва вилоятӣ фароҳам мегардад.

Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода бо изҳори қаноатмандӣ аз сифати корҳо ва масъулияти баланди соҳибкорон гуфт, ки бунёди чунин инфрасохтор барои рушди тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти фарҳангӣ аҳамияти хосса дорад.

Таъкид шуд, ки тамоми корҳо бояд бо риояи меъёрҳои техникию сохтмонӣ, дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом дода шаванд.

Сокинон ва соҳибкорони деҳа изҳор доштанд, ки барои иҷрои пурраи корҳо аз тамоми имконият истифода мебаранд. Онҳо ин иқдомро ҳамчун нишонаи ватандӯстӣ ва садоқат ба сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Декабрь 11, 2025 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд