Адибони тоҷик дар Саммити ҷаҳонии нависандагон ва рассомон CIESART-2025 иштирок намуданд

Декабрь 29, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 29.12.2026 /АМТИТ «Ховар»/. Ду адиби тоҷик дар  Саммити ҷаҳонии нависандагон ва рассомон CIESART-2025 соҳиби унвони  «Доктори фахрии Созмон ва Академияи ҳифзи фарҳанг ва забонҳои Испания» гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Саммити ҷаҳонии нависандагон ва рассомон CIESART-2025 дар шаҳри Мадриди Шоҳигарии Испания баргузор гардида, дар он беш аз 100 нафар намояндагони адабу фарҳанги 37 давлати ҷаҳон иштирок доштанд.

Нахустин маротиба ду адиб аз Ҷумҳурии Тоҷикистон- Абдуқаҳҳори Қосим ва Гулноз Тоҳириён бо ин унвон сарфароз гардонида шуданд.

Абдуқаҳҳори Қосим ҳамчунин дар конфронсҳои «Пайванди миллатҳо» ва маҳфили «Шоми сафеди сулҳ» бо забони ноби тоҷикӣ шеър қироат намуда, ҳозиринро мафтуну шефтаи ҷозибаи забони тоҷикӣ гардонид. Абдуқаҳҳори Қосим инчунин бо унвони доктори фахрии илмҳои гуманитарӣ ва санъат сарфароз гардонида шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 29, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд