Ба «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ду мошини махсуси чорвокашонӣ дастрас шуд
ДУШАНБЕ, 28.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба Муассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»-и Вазорати кишоварзии мамлакат ду мошини махсуси чорвокашонӣ супорида шуд, ки ҳар кадоми онҳо имкони интиқоли то 450 сар чорвои хурдро доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳруии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мошинҳои махсуси чорвокашонӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрас карда шуданд.
Техника дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани иқтидор ва тақвияти устувории институтсионалии муассиса харидорӣ ва барои истифода супорида шуд.
Ҳадафи асосии ин ташаббус ҳифзи муҳити зист ва пешгирӣ аз поймолшавии заминҳои кишоварзӣ ва чарогоҳҳо ҳангоми интиқоли мавсимии чорво аз чарогоҳҳои тобистона ба зимистона ва баръакс мебошад.
Ин тадбирҳои андешидашуда ба беҳтар гардидани идоракунии чарогоҳҳо, таҳкими ҳамкории байни сохторҳои давлатӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои табиӣ мусоидат менамоянд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






