Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин ҳизб хабар доданд.
Иштирокдорон таъкид намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи сиёсӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдати миллӣ ва пешбурди ҳаёти ҷомеа нақши муассир дорад. Ҳамзамон саҳми арзандаи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар созандагию бунёдкорӣ ва ҳидояти миллат ба сӯи суботи сиёсӣ ва рушд махсус таъкид гардид.
Иброз гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои иттиҳоди неруҳои солими ҷомеа, зина ба зина баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, кӯшиш дорад, ки ин ҳадафҳоро дар амал татбиқ намояд.
Тазаккур дода шуд, ки ҳамкории ҳизб бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бо ҳизбу ҳаракатҳои давлатҳои хориҷӣ рӯз аз рӯз тавсеа меёбад. Фаъолияти бомарому раъиятпарварона ва ташаббусҳои ҷаҳонии Раиси муаззами он омили боло рафтани эътибори мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ низ гардидааст. Имрӯз Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати амну босубот ва дар ҳоли рушду тавсеа мешиносаду эътироф менамояд.
«Ҳизби мо ба ҳайси неруи раҳнамунсоз ва пешбарандаи ҷомеа аз ҷумлаи ниҳодҳои сиёсиест, ки беш аз ҳафтсад ҳазор нафар аъзо, инчунин ҷонибдорони зиёд дошта, дар ҳалли масъалаҳои ҳамарӯзаи ҳаёти мардум фаъол ва саҳми он барои расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ ниҳоят муҳим мебошад», -иброз намуданд баромадкунандагон.
Инчунин таъкид карда шуд, ки имрӯз низ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи асосии сиёсию ҷамъиятии мамлакат ва қувваи таъсиргузори ҷомеа дар ҳоли рушд қарор дошта, мактаби ғоявӣ ва назариявии он мунтазам такмил меёбад.
АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон










ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






