Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бахшида ба 31-солагии ҳизб дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» аз Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Саидбек Мирзомуддинов иброз намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни ҷомеа обрӯ ва нуфузи худро беш аз пеш тақвият бахшидааст. Ҳадафу барномаҳои он дар заминаи татбиқи қарорҳои анҷуманҳо, маҷлисҳои Раёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат пайгирона татбиқ мегарданд.
Таъкид шуд, ки дар он солҳо ташкилу таъсис додани ҳизб кори осон набуд, зеро мардум медонист, ки ҳамаи он нобасомониҳои солҳои аввали навадум ба ноуҳдабароии аҳзоби сиёсии он давра вобаста буд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо нияте таъсис ёфт, ки мардуми парокандаи Тоҷикистонро азнав сарҷамъ созад, дар мамлакат сулҳу ваҳдатро таъмин намояд, дар замири ҳар тоҷикистонӣ тухми умеду боварӣ сабзонад. Бо гузашти вақт ва татбиқи амалии барномаҳои ҳизб мардум ба муроди хеш расиданду Тоҷикистони соҳибистиқлол ба давлати пешрафтаи дунё табдил гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ як зумра аъзои ҳизб барои саҳмгузорӣ дар баргузории чорабиниҳо ва иштироки фаъолона бо Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






