Дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ — Ҷопон» ҳамоиши канории «Tajik-Japan Digital Business Connect» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон ва иштирок дар Муколамаи «Осиёи Марказӣ — Ҷопон» якчанд ҷаласа ва вохӯриҳои дуҷониба баргузор гардиданд, ки ба таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон дар самтҳои калидӣ равона шуда буданд.
Тавре аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имрӯз дар шаҳри Токио бо мақсади муаррифии зарфият ва имконияти соҳаи технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Tajik-Japan Digital Business Connect» ҳамоиши канорӣ баргузор гардид.
Ҳамоиш бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Ҳамоиш ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ равона гардида, дар он резидентҳои «IT Park Dushanbe» ва ширкатҳои пешрафтаи соҳаи «IT»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Намояндагони ширкатҳои ватанӣ бо ширкатҳо ва доираҳои соҳибкории Ҷопон вохӯриҳои судманд анҷом дода, таҷрибаи пешқадам, имконияти ҳамкорӣ, лоиҳаҳои муштарак ва маҳсулоту хизматрасонии рақамиро муаррифӣ намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои рушди стартапҳо, ҷалби сармоягузорӣ, содироти хизматрасониҳои рақамӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва густариши робитаҳои мустақими тиҷоратӣ баррасӣ гардиданд.
Баргузории ин ҳамоиш қадами муҳим дар самти муаррифии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ мебошад.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






