Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
ДУШАНБЕ, 31.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 декабр дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон – устодон ва донишҷӯён баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳ.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ нуктаҳои калидии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ»-ро шарҳу тавзеҳ дод. Иброз гардид, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фарогири андешаҳои стратегии давлатдорӣ, идеяҳои миллӣ ва роҳнамоҳои амалии рушди устувори Тоҷикистон мебошад.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии давлат дақиқ муайян шуда, ба масъалаҳои таҳкими суботи сиёсӣ, таъмини амнияти миллӣ, рушди зеҳни сунъӣ, ҳифзи муҳити зист, боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Ҳамчунин ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун омили муҳими болоравии нуфузи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ шуданд.
Иштирокдорон дастуру супоришҳои пешниҳодгардидаи ин санади муҳимро роҳнамо барои фаъолияти минбаъдаи ҳама соҳаҳо унвон намуданд. Таъкид гардид, ки татбиқи саривақтӣ ва самараноки онҳо ба таҳкими иқтидори давлат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Баргузор намудани чунин вохӯриҳо дар таҳкими робитаҳои мутақобил, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва густариши ҳамкории самараноки вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон нақши муҳим мебозад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






