Дар Душанбе Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили кадрҳои соҳаи кишоварзӣ ифтитоҳ гардид

Декабрь 18, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 18.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили кадрҳои соҳаи кишоварзӣ»  ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар маросими ифтитоҳи ин марказ намоишгоҳи дастовардҳои илмӣ ва инноватсионии соҳаи кишоварзии мамлакат пешниҳод гардид.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки ифтитоҳи Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили кадрҳои соҳаи кишоварзӣ оғози марҳилаи нави технологӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад. Тавассути сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардиданд. Ҳадафи он навсозии пурраи иқтисодиёт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум таввасути технологияи муосир мебошад.

«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2040” иқтисоди рақамиро фаъолона пеш бурда, ба рақамикунони хизматрасониҳои давлатӣ, рушди инфрасохтор, амалӣ намудани зеҳни сунъӣ ва таъмини амнияти миллӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад. Ин раванд таҳкими заминаи қонунгузорӣ ба гузариш ба Ҳукумати электронӣ ва рушди тиҷорати электрониро бо истифода аз зеҳни сунъӣ ташкил медиҳад.  Бе рушди технологияи агросаноатӣ таъмини амнияти озуқоворӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии  мардум ғайриимкон мебошад»,- иброз намуд Сарвазири мамлакат.

Иттилоъ дода шуд, ки ин марказ тавассути Лоиҳаи баланд бардоштани устувории кишоварзӣ бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ пурра таъмир ва бо таҷҳизоти муосир таъмин гардид. Дар ин марказ технологияи муосир ва истифодаи он аз ҷониби кадрҳои соҳаи кишоварзӣ омӯзонида мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030-ро дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд. Татбиқи инноватсия дар шароити имрӯзаи соҳа яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри соли 2025) ба масъалаҳои вусъат бахшидани раванди рақамикунонӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки бо ташаббуси ҷумҳурии мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид.

Кишоварзии рақамӣ на танҳо воситаи навсозии раванди истеҳсолот, балки ягона роҳи самараноки афзоиши маҳсулот, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба маводи ғизоӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар шароити Тоҷикистон, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз рукнҳои асосии иқтисод мебошад, рақамикунонӣ на танҳо зарурат, балки имкони воқеии расидан ба рушди устувор аст. Бо истифодаи технологияҳои рақамӣ метавон назорати дақиқи кишоварзӣ, идоракунии самаранок, кам кардани талафот ва таъмини занҷираи истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалиро ба роҳ монд.

Иброз гардид, ки дар ҷаҳони муосир, ки технология бо суръати бесобиқа рушд мекунад, ин раванд ба рушди кишоварзӣ низ таъсир мегузорад. Истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар соҳа имконият фароҳам меорад, ки кишоварзон самаранок ва мутобиқ ба талаботи замони муосир фаъолият намоянд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 18, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов парвариши пахта ва ҷамъоварии ҳосили пиёз идома дорад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОН. Меъмории миллӣ ба ташаккули симои нави шаҳрҳо ва муҳити зисти муносиб мусоидат менамояд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 149,6 миллион сомонӣ расид
Ҳаҷми умумии маблағгузории сармоя дар ноҳияи Хуросон ба зиёда аз 337 миллион сомонӣ расонида шуд
Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим дар муколамаи ҷавонон баррасӣ шуданд
Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Спитамен бо вазъи соҳаҳои пахтакорӣ, боғдорӣ ва токпарварӣ шинос гардид
Ҷаласаи 21-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо доир шуд
Дар вилояти Хатлон имконоти ҳамкорӣ дар самти бунёди неругоҳҳои барқӣ баррасӣ гардид
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 баробар афзоиш ёфтааст
14 август Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35-шарики боэътимоди сол» баргузор мегардад
Тоҷикистон таҷрибаи пешрафтаи Қазоқистонро дар самти истифода аз технологияҳои нав барои рушди соҳаи мелиоратсия меомӯзад
Дар Тоҷикистон низоми e-Phyto татбиқ мегардад