Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон таҳти унвони «Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон» ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқа иттилоъ доданд.
Иброз гардид, ки дар замони муосир ҳимояи ҳуқуқҳои ҳар шаҳрванд заминаи таҳкими давлатдории миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори ҷомеа ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун аъзои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Шурои ҳуқуқи инсон ҳамеша ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд содиқ аст.
Таъкид шуд, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ низоми қонунгузории миллӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мунтазам такмил меёбад, муассисаҳои ҳифзи ҳуқуқ фаъол гардида, дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ беҳтар шудааст.
Тазаккур дода шуд, ки боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ дар байни кормандони соҳаи алоқа ва ҷомеа омили муҳими пешрафти давлати ҳуқуқбунёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола Рӯзи ҳуқуқи инсон 10 декабр бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои озодӣ, баробарӣ ва шаъну шарафи ҳар инсон таҷлил карда мешавад. Маҳз 10 декабри соли 1948 Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи инсонро қабул кард, ки он санади асосии ҳимоя ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои ҳар инсон ба шумор меравад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






