Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия зиёда аз 27 ҳазор донишҷӯёни тоҷик таҳсил доранд

Декабрь 11, 2025 11:20

 ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2024-2025 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия 8 ҳазору 177 шаҳрванди Тоҷикистон қабул гардиданд. Чунин иттилоъ дода шуд зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия таҳсил доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Вохӯрии Вазири маориф ва илм бо донишҷӯёни тоҷик 10 декабр дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия баргузор шуд. Иброз гардид, ки дар маҷмуъ дар Федератсияи Русия 27 ҳазору 490 донишҷӯи тоҷик таҳсил дорад.

Зимни вохӯрӣ Вазири маориф ва илми Тоҷикистон иброз дошт, ки донишҷӯён ояндаи мамлакат, неруи илмию касбии он мебошанд. Баландии сатҳи дониш ва малакаи касбии донишҷӯён дар рушди иқтисод, илм ва соҳаи иҷтимоӣ нақши калидӣ дорад.

Вазир таъкид намуд, ки имконияти таҳсили байналмилалие, ки имрӯз донишҷӯён аз он истифода мебаранд, натиҷаи сиёсати ҳамоҳангшуда ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия намунаи равшани ҳамкории стратегӣ ва натиҷаи сиёсати хирадмандонаи ду давлат – Тоҷикистону Русия мебошад. Сарони ду давлат- Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барои рушди захираи инсонӣ ва густариши ҳамкории фарҳангию илмӣ заминаи устувор муҳайё намудаанд. Ин вазъият ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар муҳити пешрафтаи академӣ таҷриба ва малакаи сатҳи байналмилалӣ ҳосил намоянд.

Дар суҳбат бо донишҷӯён вазир таъкид намуд, ки солҳои таҳсил дар Федератсияи Русия бояд барои донишҷӯён давраи рушди касбӣ, афзоиши таҷриба ва мустаҳкам намудани дӯстӣ бошад. Донишҷӯёни мо бояд Тоҷикистонро дар берун аз мамлакат муваффақона муаррифӣ карда, ҳамчун мутахассисони тавоно ва боэътимод дар рушди мамлакат саҳм гузоранд.

Зимни мулоқот донишҷӯён доир ба дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шароиту имконияти мусоиди таҳсил ибрози назар намуданд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 11, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд