Дар ноҳияи Шоҳмансур 34 омӯзгор ва 697 хонандаи фаъол қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳиявии) олимпиадаҳои фаннӣ, Олимпиада оид ба шоҳмот ва Олимпиадаи «Spelling bee» аз забони англисӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи ноҳия хабар доданд.
Зимни ҳамоиш муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Зарина Зуҳурзода иброз намуд, ки ташкили озмуну олимпиадаҳо яке аз воситаҳои муҳими дарёфти хонандагони боистеъдод ва лаёқатманд буда, дар ин самт бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои судманду муассир амалӣ мегарданд. Ин аст, ки дар пойтахт ҳаракати олимпии хонандагон вусъат ва шумораи бештари хонандагонро фаро мегирад.
Дар олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур дар умум 3065 хонанда иштирок намуд. Аз ин шумора 1115 нафар муҳассилини литсею гимназияҳо буда, 1950 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия мебошанд.
Аз 3065 иштирокчӣ 666 нафарашон сазовори ҷойҳои намоён, аз ҷумла ҷойи I – 119 нафар, ҷойи II – 157 нафар ва ҷойи III — 390 нафар гардида, ба даври шаҳрии олимпиадаҳои фаннӣ роҳхат гирифтанд. Аз ин шумора 307 нафар муҳассилини литсею гимназияҳои ноҳия буда, 359 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия мебошанд.
Дар Олимпиадаи «Spelling bee» 178 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Шоҳмансур (157 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 21 нафар хонандаи литсей ва гимназияҳо) иштирок намуданд. Дар ҷамъбаст 6 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 7 хонандаи литсей ва гимназияҳо сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Дар олимпиада оид ба шоҳмот 137 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Шоҳмансур (120 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 17 нафар хонандагони литсей ва гимназияҳо) иштирок намуданд. Дар ҷамъбаст 11 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (6 писар ва 5 духтар) ва 8 хонандаи литсей ва гимназияҳо (6 писар ва 2 духтар) сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳиявии) олимпиадаҳои фаннӣ аз рӯйи якчанд номинатсияи гуногун баргузор гардида, 10 роҳбари муассиса, 24 омӯзгор ва 697 хонанда аз ҷониби кумитаи тадорукот бо Диплом, Ифтихорнома ва медалу стеллаҳо қадрдонӣ гардиданд. Инчунин аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур 167 нафар ғолибони даври ноҳиявии олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби туҳфаҳо шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур








Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






