Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид

Декабрь 30, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 30.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 декабр пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он масъалаҳои таҳлили амалияи судӣ, таъмини татбиқи якхелаи меъёрҳои қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо, такмили равандҳои мурофиавӣ ва таҳкими қонуният баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни баррасии масъалаҳои рӯзнома маърузаҳои дахлдор шунида шуда, андеша ва пешниҳодҳои мушаххас иброз гардиданд.

Дар кори пленум таваҷҷуҳи асосӣ ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани масъулияти касбии судяҳо ва татбиқи якхелаи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар амалияи судӣ равона карда шуд.

Дар натиҷаи кори маҷлис 9 қарори пленум оид ба амалияи судии баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, маданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз ҷониби гурӯҳҳои кории Суди Олӣ таҳия гардидаанд, қабул карда шуд. Аз ҷумла, қарори пленум «Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба табъиз алоқаманд ба миён меоянд», «Дар бораи баъзе масъалаҳои татбиқи қонунгузорӣ оид ба ҷиноятҳо ба муқобили вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ, инчунин ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ барои истеҳсоли дороии маҷозӣ», «Дар бораи татбиқи қонунгузории ҷиноятӣ марбут ба таъини ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ», «Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки дар таҷрибаи судӣ зимни баррасии парвандаҳо оид ба бартараф кардани монеа ба миён меоянд», «Оид ба хусусияти татбиқи қонунгузорӣ марбут ба ҷиноятҳои ноболиғон ва чораҳои таъсиррасонии алтернативӣ нисбат ба онҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2009»,  «Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои марбут ба одамкушӣ» (бо тағйироте, ки бо қарори пленум аз 23 ноябри соли 2012 ворид карда шудаанд)», «Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки ҳангоми аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори кории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бармеоянд», «Оид ба баъзе масъалаҳое, ки зимни татбиқи қонунгузорӣ вобаста ба ҷуброни хисороти истифодабарии энергияи барқ бармеоянд» ва «Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳо оид ба ҷуброни зиён ва товони зарари маънавӣ, ки дар натиҷаи ҷиноятҳои марбут ба истифодаи шиканҷа ва намудҳои дигари муносибат, ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф ба миён меоянд».

Дар қарорҳо барои беҳтар намудани фаъолияти судҳо, мутобиқсозии амалияи судӣ ба талаботи қонунгузории амалкунанда ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳокимияти судӣ тавзеҳоти дастурӣ дода шуданд.

АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 30, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон истеҳсоли равғани растанӣ зиёд гардидааст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад