Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
ҲИСОР, 18.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 декабр дар шаҳри Ҳисор ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароити ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда мавриди баррасӣ қарор гирифта, матни пурраи пешниҳоди прокуратура баён гардид. Аҳли нишаст бо натиҷаҳои санҷиши гузаронидаи Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замини Прокуратураи генералӣ дар шаҳри Ҳисор шинос карда шуд.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд, дар ҷаласа таъкид гардид, ки бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта комиссияи дахлдор таъсис ёфтааст. Таъкид шуд, ки камбудию қонунвайронкуниҳо бояд бо риояи талаботи қонунҳои амалкунанда дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф гарданд. Ҳамзамон барои минбаъд роҳ надодан ба қонуншиканиҳо бояд чораҳои таъсирбахш дида шаванд.
Барои ислоҳи камбудиҳо дар муҳлати муайян ва ҳалли масъалаҳои дар пешниҳоди прокуратура баёншуда масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раиси комиссияи бартарафкунии иншооти ғайриқонунии назди мақомоти шаҳр, сармутахассиси ҳуқуқшинос, роҳбарони Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, бахши меъморию шаҳрсозӣ, шуъбаи Агентии омор, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони масъул вазифадор карда шуданд.
Ҳамзамон нисбат ба шахсоне, ки ба камбудиҳо роҳ додаанд, тадбирҳои қатъии интизомӣ андешида мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






