Дар Шаҳринав бо сокинон ва соҳибкорон оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд

Декабрь 9, 2025 15:00

ШАҲРИНАВ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои гурӯҳи корӣ иборат аз кормандони Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав,  масъулини Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулини Шабакаҳои таъминоти барқи ноҳияи Шаҳринав  бо фаъолону сокинон ва соҳибкорони бозори марказии ноҳия вохӯрӣ намуданд. Ба иштирокдорон масъалаҳои пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи истифодаи оқилонаю самараноки неруи барқ шарҳ дода шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори  минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нақши ҳар яки мо дар таъмини кори муназзами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти неруи барқ мебошад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ҳисси маърифатнокӣ аз неруи барқи мавҷуда, ки норасоии он хусусияти мавсимию муваққатӣ дорад, сарфакорона истифода намоем. Зеро истифодаи босамару сарфаҷӯёнаи неруи барқ ба рушди босуботи иқтисодии оила ва давлат муосидат менамояд.

Муовини прокурори ноҳияи Шаҳринав  Сорбони Шодмон иброз дошт, ки “15 апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. Ҳадафи асосии ворид намудани тағйир ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардидани моддаи нав — моддаи 2531 пешгирии дахолати беасос ба таҷҳизоти ҳисоби неруи барқ ва вайронкуниҳои қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ мебошад”.

Ёдовар мешавем, ки Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав дар асоси дастуру супоришҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис додааст. Аъзои гурӯҳ дар байни кормандони корхонаҳои ғайридавлатию хусусӣ, марказҳои тиҷоратӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва аҳолии ноҳия бо мақсади пешгирии афзоиш ва кам кардани қарздории ҳаққи истифодаи қувваи барқ, пешгирии ҳолатҳои дуздии қувваи барқ, ошкор намудани истифодаи беасос аз хати баландшиддати сурх ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Декабрь 9, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд
МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ «Устоди алоқа»!
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ силсилавохӯриҳо баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд