Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи якуми зимистон 1-2 дараҷа гарм пешгӯӣ карда мешавад

Декабрь 9, 2025 13:40

ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳавои моҳи якуми  зимистони соли равон аз ҳавои моҳи декабри соли 2024 дар ҳадди меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа гармтар дар назар дошта шудааст. Моҳи декабри соли 2024 дар қисми зиёди ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ аз 1 то 3 дараҷа хунук буд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи декабри соли 2025 ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо ва доманакӯҳҳои ҷумҳурӣ дар ҳадди меъёри иқлимӣ (меъёр аз 1 дараҷа хунук то 5 дараҷа гарм), дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст (меъёр дар минтақаҳои кӯҳӣ 1-7 дараҷа хунук, дар баландкӯҳҳо 14-16 дараҷа хунук) пешгӯӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 1 дараҷа хунук то 5 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 2-8 дараҷа хунук ва дар ноҳияҳои баландкӯҳ 15-17 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад.

Бориши атмосферӣ дар водиҳо ва баландкӯҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз меъёри муқаррарӣ кам (меъёр дар водиҳои ҷумҳурӣ 18-67 миллиметр, баландкӯҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 3-10 миллиметр), дар минтақаҳои кӯҳӣ дар ҳадди меъёр (меъёр дар минтақаҳои кӯҳӣ 37-90 миллиметр, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор 134-142 миллиметр) пешгӯӣ карда мешавад. Моҳи декабри соли 2024 дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ бориш аз меъёри иқлимӣ кам мушоҳида гардида буд.

Миқдори бориши атмосферӣ имсол дар водиҳо ва баландкӯҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба соли 2024 монанд аст, танҳо дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ба меъёр наздик ё зиёдтар пешгӯӣ карда мешавад.

Давоми моҳи декабр ҳаво якбора соф гардида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Аз эҳтимол дур нест, ки шамол аз самти ғарб бо шиддати то 17-22 метр дар як сония вазад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 9, 2025 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид