Доир ба тақвияти рақамикунонии вазифаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи грантӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) доир ба тақвияти рақамикунонии вазифаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи музокирот вобаста ба лоиҳаи грантӣ дар ҳаҷми 6,5 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.
Иброз гардид, ки Протоколи музокирот дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба имзо расонида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи он таъсиси Платформаи ягона барои мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои стратегӣ, инчунин рақамигардонии ҷараёни ҳамоҳангсозӣ ва банақшагирии босамари донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоиии касбӣ пешбинӣ гардидааст.
Директори Агентии ҳамкории байналмилалии Корея KOICA Канг Сеунг-ҳун изҳор дошт, ки KOICA тамоми воситаҳо ва иқтидорро барои амалӣ сохтани лоиҳаҳои соҳавӣ равона хоҳад кард.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода таъкид намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея рушд ёфта, барои татбиқи лоиҳаҳои созандаю пурсамар заминаи боэътимод фароҳам оварда шуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






